Панҷшанбе, 23 Июл 2026

Нури рӯзона

23 Июл 2026

Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, — Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд. Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад. Ильёс шаҳсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рӯи замин борон набуд. Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самараи худро ба вуҷуд овард.

Яъқуб 5:14-18

Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,

Нома ба Эфсӯсиён 6:18

Худое ки Ӯро дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи ҳуд ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам

Нома ба Румиён 1:9

Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.

Нома ба Қӯлассиён 4:12

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир