Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
Нома ба Румиён 4:20
Нури рӯзона
Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
Нома ба Румиён 4:20
Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: „Бархоста, худро дар баҳр афкан“, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чӣ гӯяд ба вай ато хоҳад шуд. Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд.
Инҷили Марқӯс 11:22-24
Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
ба Ибриён 11:6
Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд, Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: «Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд»; Зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд.
ба Ибриён 11:17-19
Ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.
Нома ба Румиён 4:21
Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
Ҳастӣ 18:14
Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».
Инҷили Матто 19:26
Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
Инҷили Луқо 17:5
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Июл 2026
1 Corinthians 15:24
22 Июл 2026
Romans 6:10
21 Июл 2026
Romans 3:1-2
20 Июл 2026
John 17:16
19 Июл 2026
Luke 1:49
18 Июл 2026
John 10:3
17 Июл 2026
Jonah 4:2