Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.
Инҷили Матто 12:42
Нури рӯзона
Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.
Инҷили Матто 12:42
Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
Ишаъё 9:6
Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.
Нома ба Румиён 5:7-8
Ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.
Нома ба Филиппиён 2:6-8
Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.
Нома ба Эфсӯсиён 3:19
Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост;
1 ба Қӯринтиён 1:24
Ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст.
Нома ба Қӯлассиён 2:3
Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам
Нома ба Эфсӯсиён 3:8
Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,
1 ба Қӯринтиён 1:30
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
21 Авг 2026
Psalms 119:57
20 Авг 2026
Numbers 23:19
19 Авг 2026
1 Peter 1:15
18 Авг 2026
Deuteronomy 3:24
17 Авг 2026
James 5:16
16 Авг 2026
1 Chronicles 22:5
15 Авг 2026
Hebrews 13:20-21