Ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад, ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад, ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад. Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст,
Забур 103:15-16
Нури рӯзона
Ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад, ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад, ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад. Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст,
Забур 103:15-16
Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои худро ба санге бизанӣ.
Забур 90:12
Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?
Инҷили Марқӯс 8:36
Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вақте ки боде аз ҷониби Худованд бар он бивазад: ба яқин, қавм низ алаф ҳастанд. Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд.
Ишаъё 40:7-8
Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
1 Юҳанно 2:17
Зеро ки Ӯ мегӯяд: «Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам». Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.
2 ба Қӯринтиён 6:2
Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанд; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст.
1 ба Қӯринтиён 7:31
Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.
ба Ибриён 10:24-25
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
16 Авг 2026
1 Chronicles 22:5
15 Авг 2026
Hebrews 13:20-21
14 Авг 2026
Nehemiah 8:10
13 Авг 2026
Hebrews 11:16
12 Авг 2026
Lamentations 3:31-32
11 Авг 2026
Hebrews 2:14
10 Авг 2026
John 17:15