Худованд, ки Қуддуси Исроил ва Офаринандаи вай аст, чунин мегӯяд: «Оё шумо дар бораи ояндаи писарони Ман ба Ман савол медиҳед, ва дар бораи амали дастҳои Ман Маро амр мефармоед?
Ишаъё 45:11
Нури рӯзона
Худованд, ки Қуддуси Исроил ва Офаринандаи вай аст, чунин мегӯяд: «Оё шумо дар бораи ояндаи писарони Ман ба Ман савол медиҳед, ва дар бораи амали дастҳои Ман Маро амр мефармоед?
Ишаъё 45:11
Ва дили тоза ба шумо хоҳам дод, ва рӯҳи тоза андаруни шумо хоҳам ниҳод; ва дили сангинро аз ҷисми шумо дур хоҳам кард, ва дили гӯштин ба шумо хоҳам бахшид. Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниход, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.
Ҳизқиёл 36:26-27
Худованд Худо чунин мегӯяд: боз инро хонадони Исроил аз Ман дархост хоҳанд кард, ки барояшон ба амал оварам: онҳоро мисли рамаи одамон афзун хоҳам кард, —
Ҳизқиёл 36:37
Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд. Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».
Инҷили Матто 18:19-20
Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: „Бархоста, худро дар баҳр афкан“, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чӣ гӯяд ба вай ато хоҳад шуд.
Инҷили Марқӯс 11:22-23
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
18 Авг 2026
Deuteronomy 3:24
17 Авг 2026
James 5:16
16 Авг 2026
1 Chronicles 22:5
15 Авг 2026
Hebrews 13:20-21
14 Авг 2026
Nehemiah 8:10
13 Авг 2026
Hebrews 11:16
12 Авг 2026
Lamentations 3:31-32