Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ.
1 ба Қӯринтиён 15:23
Нури рӯзона
Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ.
1 ба Қӯринтиён 15:23
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.
Инҷили Юҳанно 12:24
Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.
Нома ба Румиён 11:16
Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуда, навбари мурдагон гардид.
1 ба Қӯринтиён 15:20
Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳьёи Ӯ низ пайванд хоҳем буд.
Нома ба Румиён 6:5
Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем, Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.
Нома ба Филиппиён 3:20-21
Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,
Нома ба Қӯлассиён 1:18
Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.
Нома ба Румиён 8:11
Исо ба вай гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд;
Инҷили Юҳанно 11:25
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
7 Сен 2026
Romans 12:12
6 Сен 2026
Lamentations 3:41
5 Сен 2026
1 Corinthians 12:12
4 Сен 2026
Ruth 3:18
3 Сен 2026
Exodus 13:7
2 Сен 2026
Psalms 27:14
1 Сен 2026
Galatians 5:22-23