Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст ва бар дарьёҳо барқарор намудааст.
Забур 23:2
Нури рӯзона
Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст ва бар дарьёҳо барқарор намудааст.
Забур 23:2
Валекин шарирон мисли баҳри пурталотуманд, ки он наметавонад ором шавад, ва обҳояш лой ва лӯшро берун мепартояд. «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», — мегӯяд Худои ман.
Ишаъё 57:20-21
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
Инҷили Матто 11:28
Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;
Забур 37:7
Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.
ба Ибриён 4:10
Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.
ба Ибриён 13:9
То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад, Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем.
Нома ба Эфсӯсиён 4:14-15
Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст. Ӯ маро ба шаробхона овард, ва байрақи ӯ бар сари ман муҳаббат аст.
Суруди Сурудҳо 2:3-4
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
1 Сен 2026
Galatians 5:22-23
31 Авг 2026
Romans 5:16
30 Авг 2026
Esther 5:2
29 Авг 2026
Proverbs 16:20
28 Авг 2026
Revelation 12:10
27 Авг 2026
Psalms 119:105
26 Авг 2026
Exodus 28:36