Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд; Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
Ҳастӣ 3:4-5
Нури рӯзона
Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд; Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
Ҳастӣ 3:4-5
Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт.
2 ба Қӯринтиён 11:3
Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед. Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед.
Нома ба Эфсӯсиён 6:10-11
Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.
Нома ба Эфсӯсиён 6:13
Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост;
Нома ба Эфсӯсиён 6:17
То ки шайтон моро фирефта накунад; зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем.
2 ба Қӯринтиён 2:11
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Сен 2026
Psalms 27:14
1 Сен 2026
Galatians 5:22-23
31 Авг 2026
Romans 5:16
30 Авг 2026
Esther 5:2
29 Авг 2026
Proverbs 16:20
28 Авг 2026
Revelation 12:10
27 Авг 2026
Psalms 119:105