Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.
Инҷили Матто 5:13
Нури рӯзона
Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.
Инҷили Матто 5:13
Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,
1 Петрус 3:4
Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.
1 Петрус 1:23
Исо ба вай гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд;
Инҷили Юҳанно 11:25
Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.
Инҷили Луқо 20:36
Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мургон, чорпоён ва хазандагон монанд аст,
Нома ба Румиён 1:23
Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест. Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст. Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.
Нома ба Румиён 8:9-11
Дар эҳьёи мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар фано кошта мешавад, дар бефаноӣ бармехезад;
1 ба Қӯринтиён 15:42
Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».
Инҷили Марқӯс 9:50
Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.
Нома ба Эфсӯсиён 4:29
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
12 Сен 2026
Isaiah 57:18
11 Сен 2026
Romans 12:2
10 Сен 2026
Jeremiah 32:9
9 Сен 2026
Luke 1:53
8 Сен 2026
Daniel 5:27
7 Сен 2026
Romans 12:12
6 Сен 2026
Lamentations 3:41