Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.
1 ба Қӯринтиён 1:9
Нури рӯзона
Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.
1 ба Қӯринтиён 1:9
Зеро ки Ӯ аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сӯи Ӯ чунин овоз расид: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».
2 Петрус 1:17
Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохтааст.
1 Юҳанно 3:1
Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед,
Нома ба Эфсӯсиён 5:1
Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.
Нома ба Румиён 8:17
Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,
ба Ибриён 1:3
Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.
Инҷили Матто 5:16
Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.
ба Ибриён 12:2
Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад.
Инҷили Юҳанно 17:13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
13 Сен 2026
John 7:37
12 Сен 2026
Isaiah 57:18
11 Сен 2026
Romans 12:2
10 Сен 2026
Jeremiah 32:9
9 Сен 2026
Luke 1:53
8 Сен 2026
Daniel 5:27
7 Сен 2026
Romans 12:12