Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳьё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.
Нома ба Румиён 6:4
Нури рӯзона
Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳьё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.
Нома ба Румиён 6:4
Ба хотири сустии ҷисматон, ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям: чунон ки шумо андоми худро ба бандагии нопокӣ ва шарорат таслим карда, ба шарорат афтода будед, ончунон ҳоло андоми худро ба бандагии адолат барои қудсият вогузор намоед.
Нома ба Румиён 6:19
Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд; Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
Нома ба Румиён 12:1-2
Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.
2 ба Қӯринтиён 5:17
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав. Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!
Нома ба Ғалотиён 6:15-16
Пас, чунин мегӯям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд.
Нома ба Эфсӯсиён 4:17
Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтед, Дар сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, — ба ҳасби ростие ки дар Исост, —
Нома ба Эфсӯсиён 4:20-21
Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
Нома ба Эфсӯсиён 4:24
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Авг 2025
John 19:30
3 Авг 2025
Luke 1:50
2 Авг 2025
Revelation 13:8
1 Авг 2025
Ephesians 2:8
31 Июл 2025
2 Timothy 2:3
30 Июл 2025
Colossians 3:1
29 Июл 2025
Isaiah 64:1