Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад, ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд.
Масалҳо 3:12
Нури рӯзона
Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад, ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд.
Масалҳо 3:12
Пас, алҳол бубинед, ки Ӯ — Ман ҳастам, Ман; ва ғайр аз Ман худое нест; Ман мемиронам ва зинда мекунам, Ман маҷрӯҳ менамоям ва шифо медиҳам, ва касе наметавонад аз дасти Ман раҳо кунад.
Такрори Шариат 32:39
Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Худованд, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам.
Ирмиё 29:11
Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, — мегӯяд Худованд.
Ишаъё 55:8
Бинобар ин, инак Ман варо мафтун намуда, ба биёбон хоҳам овард, ва суханони дилпазир ба вай хоҳам гуфт.
Ҳушаъ 2:14
Пас, андар дили худ дарк намо, ки чунон ки падар писари худро таъдиб мекунад, Худованд Худои ту ончунон туро таъдиб кард.
Такрори Шариат 8:5
Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад.
ба Ибриён 12:11
Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;
1 Петрус 5:6
Yahweh, I know that your judgments are righteous, that in faithfulness you have afflicted me.
Psalms 119:75
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
5 Авг 2025
Romans 6:4
4 Авг 2025
John 19:30
3 Авг 2025
Luke 1:50
2 Авг 2025
Revelation 13:8
1 Авг 2025
Ephesians 2:8
31 Июл 2025
2 Timothy 2:3
30 Июл 2025
Colossians 3:1