Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.
Ваҳй Юҳанно 13:8
Нури рӯзона

Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.
Ваҳй Юҳанно 13:8
Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред. Ва бигзор он назди шумо то рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ ингоҳ дошта шавад, ва онро тамоми ҷамъомади ҷамоати Исроил бегоҳирӯзӣ забҳ кунанд. Ва аз хуни он гирифта, ба ҳар ду паҳлударӣ ва ба болодарии хонаҳое ки дар онҳо онро мехӯранд, бимоланд.
Хуруҷ 12:5–7
Ва он хун барои шумо аломате хоҳад буд бар хонаҳое ки шумо дар он ҷо мебошед, ва Ман хунро дида, аз болои шумо хоҳам ҷаҳид, ва ҳангоме ки замини Мисрро зарба мезанам, он офати ҳалокатовар ба шумо нахоҳад расид.
Хуруҷ 12:13
Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданӣ, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.
Ибриён 12:24
Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.
1 ба Қӯринтиён 5:7
Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед;
Аъмоли Ҳаввориён 2:23
Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
Нома ба Эфсӯсиён 1:7
Пас, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм уқубат кашад, дигар гуноҳ намекунад, То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.
1 Петрус 4:1–2
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
1 Авг 2025
Нома ба Эфсӯсиён 2:8
31 Июл 2025
2 Тимотиюс 2:3
30 Июл 2025
Нома ба Қӯлассиён 3:1
29 Июл 2025
Ишаъё 64:1
28 Июл 2025
Нома ба Эфсӯсиён 5:2
27 Июл 2025
2 ба Қӯринтиён 4:4
26 Июл 2025
Ибриён 11:8
Наҷот
Таъсири амиқи Барраи Худоро, ки барои ҳама ниёзҳо кофӣ аст, биомӯзед. Кашф кунед, ки Барра чӣ гуна ба соҳаҳо…

Пешгӯӣ
Ишаъё 53 азобҳо ва баландбардории ниҳоии Масеҳро пешгӯӣ мекунад. Таҳқири Ӯ, рад кардани Ӯ ва кори кафорати…
Табиати гуноҳ
Ҳамлаҳои 11 сентябр фасоди амиқи дили инсонро ошкор карданд, ки худхоҳии умумиро нишон медиҳанд. Ҷавоби…
Наҷот
Хидматҳои интернетӣ иддао доранд, ки онҳо метавонанд одамони мувофиқро ба ҳам оранд, то дар ҳаёти онҳо…
Гунаҳ
Вақте ки масеҳиён гуноҳ мекунанд, муносибати онҳо бо Худо бехатар аст, аммо муошират вайрон мешавад. Эътироф…
Имон
Кашф кунед, ки чӣ тавр бо дӯст доштани Худо, хидмат ба дигарон ва интизории бозгашти Масеҳ ба соли нави…