Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;
Нома ба Қӯлассиён 3:1
Нури рӯзона

Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;
Нома ба Қӯлассиён 3:1
Ҳикмат ба даст овар, хирад ба даст овар; инро фаромӯш накун, ва аз гуфтаҳои даҳони ман сар напеч.
Масалҳо 4:5
Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.
Яъқуб 3:17
Варта мегӯяд: „Он дар ман нест“; ва баҳр мегӯяд: „Назди ман нест“;
Айюб 28:14
Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳьё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем. Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳьёи Ӯ низ пайванд хоҳем буд.
Нома ба Румиён 6:4–5
Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем
Ибриён 12:1
Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз шумо наҷот ёфтаед, — Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,
Нома ба Эфсӯсиён 2:4–6
Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.
Ибриён 11:14
Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.
Сафаниё 2:3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Июл 2025
Ишаъё 64:1
28 Июл 2025
Нома ба Эфсӯсиён 5:2
27 Июл 2025
2 ба Қӯринтиён 4:4
26 Июл 2025
Ибриён 11:8
25 Июл 2025
1 Юҳанно 3:14
24 Июл 2025
Нома ба Румиён 12:12
23 Июл 2025
1 ба Қӯринтиён 15:24

Рушди рӯҳонӣ
Масеҳиён бо муборизаҳои умумӣ ба инсоният, гуноҳ ва пайравӣ ба Масеҳ рӯ ба рӯ мешаванд. Пайдоиши онҳоро…
Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…
Дуо
Павлус барои чаҳор ниёзи муҳими инсонӣ дуо гуфт: фаҳмиши рӯҳонӣ, ҳаёти арзанда, истодагарӣ ва рӯҳияи…

Рушди рӯҳонӣ
Масеҳиён бо муборизаҳои умумӣ ба инсоният, гуноҳ ва пайравӣ ба Масеҳ рӯ ба рӯ мешаванд. Пайдоиши онҳоро…

Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…
Оила
Кашф кунед, ки чӣ тавр барои оилаи худ бунёди устувори рӯҳонӣ бунёд кунед. Ин дастур се блоки асосии…
Рушди рӯҳонӣ
Кашф кунед, ки чӣ гуна ҳаёти масеҳӣ ба мусобиқа монанд аст, ки интизом ва истодагариро талаб мекунад. Дар…
Истодагарӣ
Бо даъват кардани Исо, дур кардани гуноҳ ва бо истодагарӣ давидан, мусобиқаи масеҳиро қабул кунед. Тоҷи ғолиб…