Зеро ки Худованд ба сурати абадӣ тарк нахоҳад кард, Балки, агар ғамгин кунад, аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ марҳамат хоҳад намуд,
Навҳаҳои Ирмиё 3:31-32
Нури рӯзона
Зеро ки Худованд ба сурати абадӣ тарк нахоҳад кард, Балки, агар ғамгин кунад, аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ марҳамат хоҳад намуд,
Навҳаҳои Ирмиё 3:31-32
Ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — зеро Ман бо ту ҳастам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд».
Ирмиё 46:28
Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард. Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
Ишаъё 54:7-8
Чунон ки, охир, бо Сомария ва бутҳояш амал кардаам, ончунон бо Ерусалим ва ҳайкалҳояш амал хоҳам кард».
Ишаъё 10:11
Ғазаби Худовандро хоҳам бардошт, зеро ки пеши Ӯ гуноҳ кардаам; то даме ки Ӯ доди маро бигирад ва доварии маро ба амал оварад, маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард, ва ман адолати Ӯро хоҳам дид.
Мико 7:9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Авг 2025
Hebrews 2:14
10 Авг 2025
John 17:15
9 Авг 2025
Song of Solomon 4:7
8 Авг 2025
Proverbs 4:18
7 Авг 2025
John 14:26
6 Авг 2025
Proverbs 3:12
5 Авг 2025
Romans 6:4