Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
1 Петрус 5:10
Нури рӯзона
Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
1 Петрус 5:10
Ва Ӯ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати Худро аз пеши ту мегузаронам, ва исми Худовандро пеши ту мехонам; ва карим мешавам ба ҳар кӣ сазовори карам аст, ва раҳим мешавам ба ҳар кӣ сазовори раҳм аст».
Хуруҷ 33:19
Дар он сурат Ӯ ба вай раҳм карда, ба он фаришта хоҳад гуфт: „Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо; Ман кафорате пайдо кардаам“.
Айюб 33:24
Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд, Ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд,
Нома ба Румиён 3:24-25
Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
Инҷили Юҳанно 1:17
Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,
Нома ба Эфсӯсиён 2:8
to Timothy, my true child in faith: Grace, mercy, and peace, from God our Father and Christ Jesus our Lord.
1 Timothy 1:2
Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.
Нома ба Эфсӯсиён 4:7
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
1 Петрус 4:10
Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст: «Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад».
Яъқуб 4:6
Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.
2 Петрус 3:18
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
18 Сен 2025
Psalms 119:18
17 Сен 2025
Matthew 12:20
16 Сен 2025
Proverbs 21:2
15 Сен 2025
Romans 6:14-15
14 Сен 2025
Isaiah 51:12
13 Сен 2025
John 7:37
12 Сен 2025
Isaiah 57:18