Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед. Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
Нома ба Румиён 6:14-15
Нури рӯзона
Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед. Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
Нома ба Румиён 6:14-15
Шумо низ, эй бародарон, ба воситаи Бадани Масеҳ ба шариат мурдаед, то ки ба Дигаре, ба Он ки аз мурдагон эҳьё шуд, тааллуқ дошта бошед, барои он ки мо ба Худо самаре оварем.
Нома ба Румиён 7:4
Барои бешариатон чун бешариат шудам, — гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, — то ки бешариатонро ҷалб намоям;
1 ба Қӯринтиён 9:21
Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст. Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!
1 ба Қӯринтиён 15:56-57
Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.
Нома ба Румиён 8:2
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст;
Инҷили Юҳанно 8:34
Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;
Инҷили Юҳанно 8:36
Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
Нома ба Ғалотиён 5:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
14 Сен 2025
Isaiah 51:12
13 Сен 2025
John 7:37
12 Сен 2025
Isaiah 57:18
11 Сен 2025
Romans 12:2
10 Сен 2025
Jeremiah 32:9
9 Сен 2025
Luke 1:53
8 Сен 2025
Daniel 5:27