Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод, ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро тасаллӣ хоҳам дод.
Ишаъё 57:18
Нури рӯзона
Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод, ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро тасаллӣ хоҳам дод.
Ишаъё 57:18
Ва гуфт: «Агар ту овози Худованд Худои худро бишнавӣ ва он чиро, ки дар назари Ӯ дуруст аст, ба амал оварӣ, ва ба аҳкоми Ӯ гӯш диҳӣ, ва фароизи Ӯро риоя намоӣ, — ҳеҷ яке аз бемориҳоеро, ки бар Миср овардаам, бар ту нахоҳам овард, зеро ки Ман Худованди шифобахши ту ҳастам».
Хуруҷ 15:26
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Маро, эй Худованд, аз одами бад бираҳон; аз шахси золим маро муҳофизат намо, Ки онҳо дар дил қасдҳои бад доранд, ҳар рӯз ҷангу ҷидол ба миён меоваранд.
Забур 139:1-3
Фақат бо чашмонат нигоҳ хоҳӣ кард, ва подоши шариронро хоҳӣ дид.
Забур 90:8
Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.
ба Ибриён 4:13
«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
Ишаъё 1:18
Дар он сурат Ӯ ба вай раҳм карда, ба он фаришта хоҳад гуфт: „Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо; Ман кафорате пайдо кардаам“.
Айюб 33:24
Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
Ишаъё 53:5
Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;
Ишаъё 61:1
Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош».
Инҷили Марқӯс 5:34
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Сен 2025
Romans 12:2
10 Сен 2025
Jeremiah 32:9
9 Сен 2025
Luke 1:53
8 Сен 2025
Daniel 5:27
7 Сен 2025
Romans 12:12
6 Сен 2025
Lamentations 3:41
5 Сен 2025
1 Corinthians 12:12