Сешанбе, 23 Сентябр 2025

Нури рӯзона

23 Сен 2025

Зеро ки мо бандагонем, вале Худои мо дар бандагии мо ҳам моро тарк накардааст, балки марҳамати худро пеши подшоҳони Форс бар мо нигаронидааст: ба мо ато фармудааст, ки умр ба сар бурда, хонаи Худои моро барпо намоем ва харобазори онро аз нав барқарор кунем, ва Ӯ дар Яҳудо ва Ерусалим қалъае ба мо бахшидааст.

Эзро 9:9

Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,

1 Петрус 4:12

Агар ба ҷазо тоб оваред, Худо бо шумо, чун бо писарон, рафтор мекунад. Зеро, оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад? Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон.

ба Ибриён 12:7-8

Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?

Такрори Шариат 13:3

Аммо Худованд ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард, зеро Худованд азм намудааст, ки шуморо барои худ қавм гардонад.

1 Подшоҳон 12:22

«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.

Ишаъё 49:15

Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.

Забур 146:5

Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд? Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»

Инҷили Луқо 18:7-8

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир