Гуфт, ва малах пайдо шуд, ва кирмак, ки сону шумор надошт.
Забур 104:34
Нури рӯзона
Гуфт, ва малах пайдо шуд, ва кирмак, ки сону шумор надошт.
Забур 104:34
Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.
Суруди Сурудҳо 2:3
Пагоҳӣ месабзад ва гул мекунад, бегоҳӣ пажмурда ва хушк мешавад.
Забур 89:6
Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст, бар беваре баланд бардошта шудааст.
Суруди Сурудҳо 5:10
Ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.
Инҷили Матто 13:46
Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,
Ваҳй Юҳанно 1:5
Сари ӯ зари сурхи холис аст; зулфҳояш марғӯладор ва мисли зоғ сиёҳ аст.
Суруди Сурудҳо 5:11
Ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод,
Нома ба Эфсӯсиён 1:22
Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,
Нома ба Қӯлассиён 1:18
Рухсорҳояш пуштаҳои райҳон, парваришгоҳи гиёҳҳои атрафшон аст; лабҳояш савсанҳост, ки аз онҳо мури покиза мечакад.
Суруди Сурудҳо 5:13
Ва аз он ҷо равона шуда, ба худуди Сӯр ва Сидӯн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.
Инҷили Марқӯс 7:24
Рухсорҳояш пуштаҳои райҳон, парваришгоҳи гиёҳҳои атрафшон аст; лабҳояш савсанҳост, ки аз онҳо мури покиза мечакад.
Суруди Сурудҳо 5:13
Мулозимон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст».
Инҷили Юҳанно 7:46
Соқҳояш сутунҳои мармар аст, ки бар пояҳои зари холис таъсис ёфтааст; шамоилаш мисли Лубнон аст, мисли арз боҳашамат аст.
Суруди Сурудҳо 5:15
Make your face to shine on your servant. Save me in your loving kindness.
Psalms 31:16
Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд таваккал кунед.
Забур 4:6
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
21 Сен 2025
Romans 8:28
20 Сен 2025
Proverbs 3:13
19 Сен 2025
1 Peter 5:10
18 Сен 2025
Psalms 119:18
17 Сен 2025
Matthew 12:20
16 Сен 2025
Proverbs 21:2
15 Сен 2025
Romans 6:14-15