Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
Нома ба Ғалотиён 5:22-23
Нури рӯзона
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
Нома ба Ғалотиён 5:22-23
Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ. Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад; Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.
1 ба Қӯринтиён 9:25-27
Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,
Нома ба Эфсӯсиён 5:18
Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
Инҷили Матто 16:24
so then let’s not sleep, as the rest do, but let’s watch and be sober. For those who sleep, sleep in the night; and those who are drunk are drunk in the night. But let us, since we belong to the day, be sober, putting on the breastplate of faith and love, and, for a helmet, the hope of salvation.
1 Thessalonians 5:6-8
Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем, Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,
Нома ба Титус 2:12-13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
30 Сен 2025
Job 23:10
29 Сен 2025
1 John 3:16
28 Сен 2025
Numbers 6:27
27 Сен 2025
1 Peter 5:6
26 Сен 2025
Deuteronomy 32:4
25 Сен 2025
James 1:4
24 Сен 2025
Psalms 73:28