Ӯ Кӯҳпора аст, амалиёти Ӯ комил аст, зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист.
Такрори Шариат 32:4
Нури рӯзона
Ӯ Кӯҳпора аст, амалиёти Ӯ комил аст, зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист.
Такрори Шариат 32:4
Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
1 Петрус 2:23
Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.
Нома ба Румиён 14:12
Инак ҳамаи ҷонҳо аз они Ман аст; хоҳ ҷони падар ва хоҳ ҷони писар аз они Ман аст; ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд.
Ҳизқиёл 18:4
«Эй шамшер! Ба муқобили чӯпони Ман ва ба муқобили марде ки ҳамдами Ман аст, бархез, мегӯяд Худованди лашкарҳо; Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд, ва Ман дасти Худро бар хурдон хоҳам нигаронид.
Закариё 13:7
Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
Ишаъё 53:6
Зеро ки Ту бузург ҳастӣ ва корҳои аҷоиб мекунӣ, — Ту, эй Худо, танҳо Худат.
Забур 85:10
Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.
Яъқуб 2:13
Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.
Нома ба Румиён 6:23
Бигӯед, ва пешниҳод кунед, ва бо ҳам машварат намоед: кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда, аз он замон пешакӣ гуфтааст? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам? Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, — Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест.
Ишаъё 45:21
Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.
Нома ба Румиён 3:26
Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд,
Нома ба Румиён 3:24
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Сен 2025
James 1:4
24 Сен 2025
Psalms 73:28
23 Сен 2025
Ezra 9:9
22 Сен 2025
Psalms 104:34
21 Сен 2025
Romans 8:28
20 Сен 2025
Proverbs 3:13
19 Сен 2025
1 Peter 5:10