Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;
1 Петрус 5:6
Нури рӯзона
Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;
1 Петрус 5:6
Ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст; яқин аст, ки беҷазо намемонад.
Масалҳо 16:5
Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем. Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав, ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор; лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем.
Ишаъё 64:8-9
Овози Эфроимро шунидам, ки дар мотами худ сар ҷунбонда, мегуфт: „Ту маро ҷазо додӣ, ва ман мисли гӯсолаи ноозмуда ҷазо дидам; маро баргардон, ва ман хоҳам баргашт, зеро ки Ту Худованд Худои ман ҳастӣ; Зеро, баъд аз он ки баргаштам, пушаймон шудам, ва баъд аз он ки фаҳм кардам, бар рони худ задам; хиҷил шудам, ва нангам низ омад, зеро ки расвоии ҷавонии худро бардошта мегаштам“.
Ирмиё 31:18-19
Барои одамизод хуб аст, ки юғро дар ҷавонии худ бардошта бошад:
Навҳаҳои Ирмиё 3:27
Зеро ки ҷафо аз хок намерӯяд, ва азоб аз замин намесабзад, Балки одамизод барои азоб зоида мешавад, чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.
Айюб 5:6-7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
26 Сен 2025
Deuteronomy 32:4
25 Сен 2025
James 1:4
24 Сен 2025
Psalms 73:28
23 Сен 2025
Ezra 9:9
22 Сен 2025
Psalms 104:34
21 Сен 2025
Romans 8:28
20 Сен 2025
Proverbs 3:13