Бигзор исми Маро бар банӣ‐Исроил бихонад, ва Ман онҳоро баракат хоҳам дод».
Ададҳо 6:27
Нури рӯзона
Бигзор исми Маро бар банӣ‐Исроил бихонад, ва Ман онҳоро баракат хоҳам дод».
Ададҳо 6:27
Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту бар мо салтанат меронданд, аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем.
Ишаъё 26:13
Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.
Ишаъё 63:19
Ва ҳамаи қавмҳои замин хоҳанд дид, ки исми Худованд бар ту хонда шудааст, ва аз ту хоҳанд тарсид.
Такрори Шариат 28:10
Аммо Худованд ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард, зеро Худованд азм намудааст, ки шуморо барои худ қавм гардонад.
1 Подшоҳон 12:22
Худовандо, бишнав! Худовандо, биомурз! Худовандо, гӯш дода, ба амал овар! Ба хотири Худат, эй Худои ман, даранг накун, зеро ки шаҳри Ту ва қавми Ту ба исми Ту хонда шудаанд».
Дониёл 9:19
Токро аз Миср берун овардӣ, халқҳоро бадар рондӣ, ва онро шинондӣ. Барояш ҷой холӣ кардӣ, ва он чуқур реша давонд, ва заминро пур кард.
Забур 79:9-10
Исми Худованд бурҷи кувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.
Масалҳо 18:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
27 Сен 2025
1 Peter 5:6
26 Сен 2025
Deuteronomy 32:4
25 Сен 2025
James 1:4
24 Сен 2025
Psalms 73:28
23 Сен 2025
Ezra 9:9
22 Сен 2025
Psalms 104:34
21 Сен 2025
Romans 8:28