Таронаи шукрона. Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин!
Забур 99:1
Нури рӯзона
Таронаи шукрона. Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин!
Забур 99:1
Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд. — Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед? Ман, охир, регро ҳудуди баҳр, қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам, ки аз он намегузарад; ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад, ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
Ирмиё 5:22
Шердилон тӯъмаи тороҷ шуданд, хобашон даррабуд, ва тамоми мардуми диловар дасту по гум карданд. Аз итоби Ту, эй Худои Яъқуб, ҳам аробаро, ва ҳам аспро ғанаб бурд.
Забур 75:6-7
Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд, ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад.
Дониёл 2:21
Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест:
Инҷили Матто 24:6
Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
Нома ба Румиён 8:31
Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад; Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст; Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
Инҷили Матто 10:29-31
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Окт 2025
Matthew 28:20
24 Окт 2025
Jonah 2:4
23 Окт 2025
Luke 12:15
22 Окт 2025
Psalms 108:1
21 Окт 2025
John 1:16
20 Окт 2025
Romans 7:22
19 Окт 2025
Proverbs 3:26