Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ, ва селоб маро иҳота намуд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.
Юнус 2:4
Нури рӯзона
Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ, ва селоб маро иҳота намуд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.
Юнус 2:4
Вале Сион мегӯяд: «Худованд маро тарк намудааст, ва Худо маро фаромӯш кардааст». «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.
Ишаъё 49:14-15
Ва ҷонам аз осоиштагӣ дур шудааст: некрӯзиро фаромӯш кардаам. Ва гуфтам, ки қувватам ва умеде ки аз Худованд доштам, барбод рафтааст.
Навҳаҳои Ирмиё 3:17-18
Wake up! Why do you sleep, Lord? Arise! Don’t reject us forever.
Psalms 44:23
Пас чаро, эй Яъқуб, ба забон меронӣ, ва эй Исроил, мегӯӣ: «Роҳи ман аз назари Худованд гум шудааст, ва даъвои ман аз Худои ман дур афтодааст»?
Ишаъё 40:27
Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
Ишаъё 54:8
Ту подшоҳи ман ҳастӣ, эй Худо! Бар наҷоти Яъқуб амр фармо.
Забур 43:5
Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем; Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;
2 ба Қӯринтиён 4:8-9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Окт 2025
Luke 12:15
22 Окт 2025
Psalms 108:1
21 Окт 2025
John 1:16
20 Окт 2025
Romans 7:22
19 Окт 2025
Proverbs 3:26
18 Окт 2025
John 19:34
17 Окт 2025
Psalms 89:16