Панҷшанбе, 23 Октябр 2025

Нури рӯзона

23 Окт 2025

Ва ба онҳо гуфт: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест».

Инҷили Луқо 12:15

Аммо ба Ту, эй Худованд, умед бастаам; Ту иҷобат намо, эй Худованд Худои ман.

Забур 37:16

Дороии каме бо худотарсӣ беҳ аз ганҷи бузурги пурфитна.

Масалҳо 15:16

But godliness with contentment is great gain.

1 Timothy 6:6

But having food and clothing, we will be content with that.

1 Timothy 6:8

Ҳеҷу пуч ва дурӯғро аз ман дур соз, бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ, ризқу рӯзӣ ба ман бирасон: Мабодо бисьёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям: «Худованд кист?» Ва мабодо бенаво шуда, дуздӣ кунам ва исми Худои худро беҳурмат созам.

Масалҳо 30:8-9

Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ;

Инҷили Матто 6:11

Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?

Инҷили Матто 6:25

Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз».

Инҷили Луқо 22:35

Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»,

ба Ибриён 13:5

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир