Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».
Инҷили Марқӯс 2:5
Нури рӯзона
Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».
Инҷили Марқӯс 2:5
Ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: „Худовандро бишносед“, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, — мегӯяд Худованд, — чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».
Ирмиё 31:34
Ки «чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»
Инҷили Марқӯс 2:7
Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро ба хотири Худам маҳв менамоям, ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.
Ишаъё 43:25
Дар Худованд, эй одилон, тараннум намоед: ҳамду сано гуфтан росткоронро мезебад. Худовандро бо барбат ҳамд гӯед, бо уди даҳтор Ӯро бисароед;
Забур 32:1-2
Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.
Мико 7:18
Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.
Нома ба Эфсӯсиён 4:32
Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд. Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад. Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
Инҷили Юҳанно 1:7-9
Бар онҳо мурғони ҳаво сокин мешаванд, аз миёни навдаҳо овоз медиҳанд.
Забур 103:12
Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед.
Нома ба Румиён 6:14
Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.
Нома ба Румиён 6:18
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
27 Дек 2025
2 Corinthians 4:18
26 Дек 2025
1 Corinthians 15:58
25 Дек 2025
Titus 3:4
24 Дек 2025
Romans 8:13
23 Дек 2025
Isaiah 27:5
22 Дек 2025
1 Thessalonians 1:3
21 Дек 2025
Isaiah 60:20