Якшанбе, 25 Январ 2026

Нури рӯзона

25 Янв 2026

Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,

Нома ба Румиён 3:22

Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.

2 ба Қӯринтиён 5:21

Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, — зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст», —

Нома ба Ғалотиён 3:13

Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,

1 ба Қӯринтиён 1:30

Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,

Нома ба Титус 3:5-6

Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,

Нома ба Филиппиён 3:8-9

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир