Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем; Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.
ба Ибриён 13:13-14
Нури рӯзона
Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем; Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.
ба Ибриён 13:13-14
Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
1 Петрус 4:12-13
Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик ҳастед.
2 ба Қӯринтиён 1:7
Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
1 Петрус 4:14
Онҳо аз шӯрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд,
Аъмоли Ҳаввориён 5:41
Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад, Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.
ба Ибриён 11:25-26
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Янв 2026
Romans 3:22
24 Янв 2026
Philippians 4:5
23 Янв 2026
Romans 5:5
22 Янв 2026
Psalms 48:14
21 Янв 2026
John 15:2
20 Янв 2026
Isaiah 9:6
19 Янв 2026
Acts 20:19