Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
Нома ба Румиён 8:31
Нури рӯзона
Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
Нома ба Румиён 8:31
Он гоҳ хиҷил нахоҳам шуд, вақте ки ба тамоми аҳкоми Ту назар андозам.
Забур 118:6
Зеро ки Ту паноҳгоҳи ман будӣ, ва бурҷи қуввае аз душман.
Забур 60:4
Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам. Эй кӯҳпораи ман, аз пешам хомӯш нагузар: мабодо аз пешам хомӯш гузарӣ, ва ман мисли фурӯравандагони гӯр гардам.
Забур 27:1
Маро бо шарирон ва бадкирдорон маҳв накун, ки бо ёронашон дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд, вале бадӣ дар дил доранд.
Забур 27:3
Ва инак, ба мо Худо сардорӣ мекунад, ва коҳинони Ӯ, ва карнайҳои баландовоз, то ки ба муқобили шумо бинавозанд. Эй банӣ‐Исроил! Бо Худованд Худои падарони худ ҷанг накунед, зеро ки муваффақият нахоҳед ёфт».
2 Вақоеънома 13:12
Бисароед Худоро, бисароед! Бисароед Подшоҳи моро, бисароед!
Забур 46:7
Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст, ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд».
Ваҳй Юҳанно 17:14
Чаро халқҳо ба шӯр меоянд, ва қабилаҳо беҳуда қасд мекунанд?
Забур 2:1
Он ки дар осмон нишастааст, механдад: Худованд онҳоро тамасхур менамояд.
Забур 2:4
Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд! Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад, зеро ки Худо бо мост!
Ишаъё 8:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Фев 2026
John 3:16
27 Фев 2026
Romans 6:11
26 Фев 2026
Lamentations 3:40
25 Фев 2026
James 4:7
24 Фев 2026
Ezekiel 36:37
23 Фев 2026
Hebrews 12:24
22 Фев 2026
Psalms 25:12