Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.
ба Ибриён 4:9
Нури рӯзона
Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.
ба Ибриён 4:9
Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд, ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд. Бандиён бо якҷоягӣ роҳат мекунанд, овози назоратчиро намешунаванд.
Айюб 3:17-18
Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад».
Ваҳй Юҳанно 14:13
Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам».
Инҷили Юҳанно 11:11
Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқаррарӣ сухан меронад.
Инҷили Юҳанно 11:13
Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кашем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда шавад.
2 ба Қӯринтиён 5:4
Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дарунакӣ оху нола мекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем. Зеро ки бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад? Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.
Нома ба Румиён 8:23-25
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
1 Мар 2026
Galatians 5:22
28 Фев 2026
John 3:16
27 Фев 2026
Romans 6:11
26 Фев 2026
Lamentations 3:40
25 Фев 2026
James 4:7
24 Фев 2026
Ezekiel 36:37
23 Фев 2026
Hebrews 12:24