Шимъӯн дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам».
Инҷили Луқо 5:5
Нури рӯзона
Шимъӯн дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам».
Инҷили Луқо 5:5
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст: Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.
Инҷили Матто 28:18-20
Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад,
Инҷили Матто 13:47
Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!
1 ба Қӯринтиён 9:16
Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.
1 ба Қӯринтиён 9:22
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
Нома ба Ғалотиён 6:9
Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд, хоҳад буд: вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овард, ва ба иҷрои он чи, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд.
Ишаъё 55:11
Бинобар ки на кишткунанда аҳамияте дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.
1 ба Қӯринтиён 3:7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
24 Мар 2026
Genesis 15:6
23 Мар 2026
Revelation 4:8
22 Мар 2026
Genesis 13:10-11
21 Мар 2026
Revelation 3:2
20 Мар 2026
Psalms 119:130
19 Мар 2026
Acts 3:26
18 Мар 2026
Isaiah 38:14