Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, — подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, — аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем, ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем. Туро сазоворона дӯст медоранд.
Суруди Сурудҳо 1:4
Нури рӯзона
Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, — подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, — аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем, ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем. Туро сазоворона дӯст медоранд.
Суруди Сурудҳо 1:4
Аз дурдаст Худованд ба ман зоҳир шуд: бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам, бинобар ин туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам.
Ирмиё 31:3
Бо риштаҳои инсонӣ, бо танобҳои муҳаббат онҳоро пеш кашидам; ва барояшон мисли касоне будам, ки юғро аз ҷоғашон боло мебардоранд; ва навозишкорона ба вай хӯрок медодам.
Ҳушаъ 11:4
Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид».
Инҷили Юҳанно 12:32
Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».
Инҷили Юҳанно 1:36
Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
Инҷили Юҳанно 3:14-15
Whom do I have in heaven? There is no one on earth whom I desire besides you.
Psalms 73:25
Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт.
1 Юҳанно 4:19
Маҳбуби ман ба сухан оғоз намуда, ба ман гуфт: «Эй ёри ман, эй нозанини ман, бархез ва биё! Инак, зимистон гузашт, борон аз бориш монда, абрҳо рафт. Муғчаҳо бар замин намудор шуд, вақти хониши паррандагон расид, ва овози қумрӣ дар кишвари мо шунида мешавад; Дарахти анҷир бор гирифтааст, ва токҳо ғӯра баста, роиҳаи хуш медиҳад. Эй ёри ман, эй нозанини ман, бархез ва биё!
Суруди Сурудҳо 2:10-13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
16 Апр 2026
Psalms 31:22
15 Апр 2026
Jeremiah 50:34
14 Апр 2026
Psalms 63:5-6
13 Апр 2026
Proverbs 3:9
12 Апр 2026
Romans 8:3
11 Апр 2026
Proverbs 10:19
10 Апр 2026
Song of Solomon 1:5