Ман гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ;
Аъмоли Ҳаввориён 26:15
Нури рӯзона
Ман гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ;
Аъмоли Ҳаввориён 26:15
Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».
Инҷили Матто 14:27
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид, Зеро ки Ман Худованд Худои ту, Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам; Мисрро барои ту фидия додаам, Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
Ишаъё 43:2-3
Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
Забур 23:4
«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».
Инҷили Матто 1:23
Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод».
Инҷили Матто 1:21
Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.
1 Юҳанно 2:1
Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад? Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?
Нома ба Румиён 8:34-35
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
19 Апр 2026
John 10:7
18 Апр 2026
Deuteronomy 18:18
17 Апр 2026
Psalms 50:23
16 Апр 2026
Psalms 31:22
15 Апр 2026
Jeremiah 50:34
14 Апр 2026
Psalms 63:5-6
13 Апр 2026
Proverbs 3:9