Сешанбе, 21 Апрел 2026

Нури рӯзона

21 Апр 2026

Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

Ҳастӣ 5:22

Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?

Омӯс 3:3

Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад. Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед, Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,

Нома ба Қӯлассиён 1:20-22

Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.

Нома ба Эфсӯсиён 2:13

Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт; Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ӯ алҳол мусолиҳа ба даст овардаем.

Нома ба Румиён 5:10-11

Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст.

1 Юҳанно 1:3

The grace of the Lord Jesus Christ, God’s love, and the fellowship of the Holy Spirit, be with you all. Amen.

2 Corinthians 13:14

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир