«Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст, мисли моҳ нозанин аст, мисли офтоб тобон аст, мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»
Суруди Сурудҳо 6:10
Нури рӯзона
«Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст, мисли моҳ нозанин аст, мисли офтоб тобон аст, мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»
Суруди Сурудҳо 6:10
Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.
Аъмоли Ҳаввориён 20:28
Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.
Нома ба Эфсӯсиён 5:25-27
Ва аломати бузурге дар осмон зоҳир шуд: зан, ки либосаш офтоб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.
Ваҳй Юҳанно 12:1
Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст». Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.
Ваҳй Юҳанно 19:7-8
Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,
Нома ба Румиён 3:22
Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.
Инҷили Юҳанно 17:22
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Апр 2026
Matthew 1:21
24 Апр 2026
Genesis 21:1
23 Апр 2026
Psalms 18:18
22 Апр 2026
Leviticus 1:3-4
21 Апр 2026
Philippians 4:1
20 Апр 2026
Deuteronomy 13:17
19 Апр 2026
John 10:7