Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихӯрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст“».
Ваҳй Юҳанно 2:17
Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.
Аъмоли Ҳаввориён 11:26
However God’s firm foundation stands, having this seal, “The Lord knows those who are his,” and, “Let every one who names the name of the Lord depart from unrighteousness.”
2 Timothy 2:19
Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.
Нома ба Ғалотиён 5:24
Зеро ки шумо ба нархи гарон ҳарида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.
1 ба Қӯринтиён 6:20
Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман — барои ҷаҳон.
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.
Нома ба Ғалотиён 6:14-15
Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед,
Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.
Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст;
Нома ба Эфсӯсиён 5:1-3
Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,
Нома ба Эфсӯсиён 5:8