Собир пурхирад аст, вале зудранҷ беақлиро зоҳир месозад.
Масалҳо 14:29
Нури рӯзона
Собир пурхирад аст, вале зудранҷ беақлиро зоҳир месозад.
Масалҳо 14:29
Ва Худованд аз пеши ӯ гузашта, нидо кард: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо,
Хуруҷ 34:6
Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.
2 Петрус 3:9
Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.
Нома ба Эфсӯсиён 5:1-2
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
Нома ба Ғалотиён 5:22-23
Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад. Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост. Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед:
1 Петрус 2:19-21
Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
1 Петрус 2:23
Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад;
Нома ба Эфсӯсиён 4:26
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Апр 2026
1 Samuel 12:24
28 Апр 2026
John 1:29
27 Апр 2026
1 Corinthians 7:29
26 Апр 2026
Song of Solomon 2:6
25 Апр 2026
Matthew 1:21
24 Апр 2026
Genesis 21:1
23 Апр 2026
Psalms 18:18