Гирдогирд ҳаждаҳ ҳазор зироъ; ва номи шаҳр аз он рӯз: «Худованд он ҷост» хоҳад буд.
Ҳизқиёл 48:35
Нури рӯзона
Гирдогирд ҳаждаҳ ҳазор зироъ; ва номи шаҳр аз он рӯз: «Худованд он ҷост» хоҳад буд.
Ҳизқиёл 48:35
Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;
Ваҳй Юҳанно 21:3
Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра. Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.
Ваҳй Юҳанно 21:22-23
Ва тирҳои Худро фиристода, онҳоро пароканда намуд, ва барқҳо андохта, онҳоро ҳаросон кард.
Забур 17:15
Whom do I have in heaven? There is no one on earth whom I desire besides you.
Psalms 73:25
Валекин Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд, ва Ерусалим — то абадуддаҳр. Ва Ман интиқоми хуни онҳоро, ки ҳанӯз нагирифтаам, хоҳам гирифт, ва Худованд дар Сион сукунат хоҳад дошт».
Юил 3:20-21
Тараннум ва шодӣ намо, эй духтари Сион! «Зеро инак, Ман меоям ва андаруни ту сокин хоҳам шуд», мегӯяд Худованд.
Закариё 2:10
Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд; ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд, ва бандагони Ӯ ба Ӯ хизмат хоҳанд кард,
Ваҳй Юҳанно 22:3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
30 Апр 2026
1 John 2:5
29 Апр 2026
1 Samuel 12:24
28 Апр 2026
John 1:29
27 Апр 2026
1 Corinthians 7:29
26 Апр 2026
Song of Solomon 2:6
25 Апр 2026
Matthew 1:21
24 Апр 2026
Genesis 21:1