Ва бо аъмоли худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.
Забур 105:39
Нури рӯзона
Ва бо аъмоли худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.
Забур 105:39
Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ; аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад. Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад,
Забур 103:13-14
Барои Ерусалим сулҳу осоиштагӣ талаб кунед: бигзор дӯстдорони ту некрӯз бошанд!
Забур 121:6
Ва соябоне дар рӯз барои соя аз гармо, ва барои малоз ва паноҳгоҳ аз бод ва борон хоҳад буд.
Ишаъё 4:6
Зеро ки дар он ҷо курсиҳои доварӣ меистод, курсиҳои хонадони Довуд.
Забур 121:5
Ба хотири бародаронам ва ёронам мегӯям, ки сулҳу осоиштагӣ бар ту бод!
Забур 121:8
Ва Худованд рӯзона дар сутуни абр пешопеши онҳо мерафт, то ки роҳро ба онҳо нишон диҳад, ва шабона — дар сутуни оташ, то ки ба онҳо рӯшноӣ бахшад, ва онҳо рӯзона ва шабона роҳ раванд. Сутуни абр рӯзона ва сутуни оташ шабона аз пеши қавм дур намешуд.
Хуруҷ 13:21-22
Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.
ба Ибриён 13:8
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Май 2026
Isaiah 59:1
3 Май 2026
Matthew 5:48
2 Май 2026
Genesis 28:16
1 Май 2026
Galatians 5:22
30 Апр 2026
1 John 2:5
29 Апр 2026
1 Samuel 12:24
28 Апр 2026
John 1:29