Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам;
Инҷили Юҳанно 17:4
Нури рӯзона
Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам;
Инҷили Юҳанно 17:4
Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.
Инҷили Юҳанно 4:34
То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
Инҷили Юҳанно 9:4
Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?» Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд.
Инҷили Луқо 2:49-50
Чун Исо шунид, гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад».
Инҷили Юҳанно 11:4
Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
Инҷили Юҳанно 11:40
Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.
Инҷили Луқо 2:52
Ва Рӯҳулқудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯ нозил шуд, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст!»
Инҷили Луқо 3:22
Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорӣ; зеро ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ, Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».
Ваҳй Юҳанно 5:9-10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
3 Май 2026
Matthew 5:48
2 Май 2026
Genesis 28:16
1 Май 2026
Galatians 5:22
30 Апр 2026
1 John 2:5
29 Апр 2026
1 Samuel 12:24
28 Апр 2026
John 1:29
27 Апр 2026
1 Corinthians 7:29