Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам, ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард. Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,
Ишаъё 62:6
Нури рӯзона
Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам, ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард. Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,
Ишаъё 62:6
Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорӣ; зеро ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ, Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».
Ваҳй Юҳанно 5:9-10
Ва банӣ‐Ҳорун бояд карнайҳоро бинавозанд; ин барои шумо фаризаи абадӣ дар наслҳотон хоҳад буд. Ва ҳангоме ки дар замини худ бар зидди душмани ба танг оварандаи шумо ба ҷанг меравед, карнайҳоро бо садои дуру дароз бинавозед; ва дар ҳузури Худованд Худои худ ба ёд оварда хоҳед шуд, ва аз душманони худ наҷот хоҳед ёфт.
Ададҳо 10:8-9
Ба таври ниҳонӣ, дар макони тираи замин сухан нарондаам; ба насли Яъқуб нагуфтаам: „Маро беҳуда биҷӯед“; Ман Худованди ҳақгӯй ҳастам, ки чизҳои ростро баён мекунам.
Ишаъё 45:19
Ва коҳинон ва левизодагон бархоста, қавмро баракат доданд, ва овози онҳо мустаҷоб шуд, ва дуои онҳо ба маскани қудси Ӯ, ба осмон расид.
2 Вақоеънома 30:27
Валекин вақте ки меафтодам, шодӣ мекарданд ва ҷамъ мешуданд; нокасоне бар зидди ман ҷамъ мешуданд, ки намешинохтам; маро дашном медоданд, ва бас намекарданд;
Забур 34:15
Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.
Яъқуб 5:16
Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд!
Ваҳй Юҳанно 22:20
But I am poor and needy. May the Lord think about me. You are my help and my deliverer. Don’t delay, my God.
Psalms 40:17
Дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт?
2 Петрус 3:12
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
7 Май 2026
Matthew 24:6
6 Май 2026
Psalms 85:10
5 Май 2026
Matthew 6:31-32
4 Май 2026
Isaiah 59:1
3 Май 2026
Matthew 5:48
2 Май 2026
Genesis 28:16
1 Май 2026
Galatians 5:22