Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!
Воиз 1:2
Нури рӯзона
Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!
Воиз 1:2
Зеро ки ту гуфтаӣ: «Худованд паноҳгоҳи ман аст»; Ҳаққи Таолоро ту паноҳандаи худ ихтиёр кардаӣ. Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
Забур 90:9-10
Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем.
1 ба Қӯринтиён 15:19
Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.
ба Ибриён 13:14
Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағьир наёфтаам, ва аз ин рӯ шумо, эй банӣ‐Яъқуб, несту нобуд нашудаед.
Малокӣ 3:6
Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем, Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.
Нома ба Филиппиён 3:20-21
Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки
Нома ба Румиён 8:20
Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.
ба Ибриён 13:8
Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рӯз ором нагирифта, мегӯянд: «Қуддус аст, куддус аст, куддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва ҳоҳад омад».
Ваҳй Юҳанно 4:8
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
9 Май 2026
Hebrews 11:1
8 Май 2026
Isaiah 53:10
7 Май 2026
Matthew 24:6
6 Май 2026
Psalms 85:10
5 Май 2026
Matthew 6:31-32
4 Май 2026
Isaiah 59:1
3 Май 2026
Matthew 5:48