Ман гунг шудаам, даҳонамро намекушоям; зеро ки Ту инро кардаӣ.
Забур 38:10
Нури рӯзона
Ман гунг шудаам, даҳонамро намекушоям; зеро ки Ту инро кардаӣ.
Забур 38:10
Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд. Танҳо дар Худо ҷонам ором меёбад; наҷотам аз Ӯст.
Забур 61:1-2
Вале ба ман гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад». Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам.
2 ба Қӯринтиён 12:9-10
Лекин чун боди шадидро дид, ҳаросон шуд ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарьёд кашид: «Худовандо! Маро халос кун». Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?»
Инҷили Матто 14:30-31
Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст.
Масалҳо 24:10
Ӯ хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад.
Ишаъё 40:29
Худои азалӣ паноҳгоҳ аст, ва дар поён то абад ҳимоятгар аст; ва душманро аз пеши ту бадар меронад, ва мегӯяд: „Маҳв намо!“
Такрори Шариат 33:27
Ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,
Нома ба Қӯлассиён 1:11
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
12 Май 2026
1 John 4:7
11 Май 2026
1 Corinthians 15:34
10 Май 2026
1 John 3:8
9 Май 2026
Hebrews 11:1
8 Май 2026
Isaiah 53:10
7 Май 2026
Matthew 24:6
6 Май 2026
Psalms 85:10