Reproach has broken my heart, and I am full of heaviness. I looked for some to take pity, but there was none; for comforters, but I found none.
Psalms 69:20
Нури рӯзона
Reproach has broken my heart, and I am full of heaviness. I looked for some to take pity, but there was none; for comforters, but I found none.
Psalms 69:20
Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марьям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо?
Инҷили Матто 13:55
Вале Натанъил ба вай гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бубин».
Инҷили Юҳанно 1:46
Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»
Инҷили Юҳанно 8:48
Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад».
Инҷили Матто 9:34
Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст».
Инҷили Юҳанно 9:24
Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад».
Инҷили Юҳанно 7:12
Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили ҳуд гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд».
Инҷили Матто 9:3
Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; мегӯянд: „Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».
Инҷили Матто 11:19
Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал‐Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар хоҳанд номид.
Инҷили Матто 10:25
Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад. Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост. Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд; Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
1 Петрус 2:19-23
Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
1 Петрус 4:14
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Май 2026
1 Corinthians 15:34
10 Май 2026
1 John 3:8
9 Май 2026
Hebrews 11:1
8 Май 2026
Isaiah 53:10
7 Май 2026
Matthew 24:6
6 Май 2026
Psalms 85:10
5 Май 2026
Matthew 6:31-32