Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
Ҳушаъ 5:15
Нури рӯзона
Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
Ҳушаъ 5:15
Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст, то ки нашнавад.
Ишаъё 59:2
Ман барои маҳбуби худ кушодам, вале маҳбуби ман сар тофта рафта буд. Вақте ки сухан гуфт, ҷонам дар изтироб афтод; ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам; ӯро ҷеғ задам, вале ба ман ҷавоб нагардонд.
Суруди Сурудҳо 5:6
Барои гуноҳи тамаъкории ӯ Ман ба хашм омада, ӯро зарба задам, рӯи Худро пинҳон доштам ва ғазаб намудам, вале ӯ густохона бо роҳи дили худ рафтан гирифт. Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод, ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро тасаллӣ хоҳам дод.
Ишаъё 57:17-18
Оё ин осеб ба ту аз он сабаб нарасид, ки ту Худованд Худои худро, вақте ки туро бо роҳи рост мебурд, тарк кардӣ?
Ирмиё 2:17
Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.
Инҷили Луқо 15:20
Ашшур моро наҷот нахоҳад дод; бар аспон савор нахоҳем шуд, ва дигар ба амали дастҳои худ „худоҳои мо“ нахоҳем гуфт, зеро ки ятим фақат дар Ту марҳамат хоҳад ёфт».
Ҳушаъ 14:4
Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
1 Юҳанно 1:9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Май 2026
Exodus 28:12
22 Май 2026
John 14:27
21 Май 2026
Ephesians 6:10
20 Май 2026
1 Timothy 4:16
19 Май 2026
Psalms 51:2
18 Май 2026
John 5:26
17 Май 2026
Ezekiel 20:19