Душанбе, 25 Май 2026

Нури рӯзона

25 Май 2026

Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегӯяд:

Ваҳй Юҳанно 2:18

Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад? Ман, Худованд, дилро тафтиш мекунам ва ботинро меозмоям, то ки ба ҳар кас бар тибқи роҳҳояш, бар ҳасби самари аъмолаш подош диҳам».

Ирмиё 17:9-10

Фақат бо чашмонат нигоҳ хоҳӣ кард, ва подоши шариронро хоҳӣ дид.

Забур 90:8

Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус сухани Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва берун рафта, зор‐зор гирист.

Инҷили Луқо 22:61-62

Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт, Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.

Инҷили Юҳанно 2:24-25

Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад,

Забур 103:14

Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард; инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;

Ишаъё 42:3

However God’s firm foundation stands, having this seal, “The Lord knows those who are his,” and, “Let every one who names the name of the Lord depart from unrighteousness.”

2 Timothy 2:19

Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд:

Инҷили Юҳанно 10:14

Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд, Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;

Инҷили Юҳанно 10:27-28

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир