Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.
Ваҳй Юҳанно 21:23
Нури рӯзона
Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.
Ваҳй Юҳанно 21:23
Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дураҳшид.
Аъмоли Ҳаввориён 26:13
Ман гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ;
Аъмоли Ҳаввориён 26:15
Баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард, Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.
Инҷили Матто 17:1-2
Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд, ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод, балки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ, ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд. Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард, ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд, зеро ки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд, ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.
Ишаъё 60:19-20
Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
1 Петрус 5:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Май 2026
Psalms 31:19
24 Май 2026
Ephesians 4:30
23 Май 2026
Exodus 28:12
22 Май 2026
John 14:27
21 Май 2026
Ephesians 6:10
20 Май 2026
1 Timothy 4:16
19 Май 2026
Psalms 51:2