Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст, ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?
Айюб 20:5
Нури рӯзона
Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст, ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?
Айюб 20:5
Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
Ҳастӣ 3:15
Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост».
Инҷили Луқо 22:53
Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.
ба Ибриён 2:14
Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд.
Нома ба Қӯлассиён 2:15
Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад; Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд.
1 Петрус 5:8-9
Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.
Яъқуб 4:7
Дӯстонам ва ёронам аз офати ман канор шудаанд, ва хешовандонам дур истодаанд. Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд, ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.
Забур 37:12-13
Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!
Нома ба Румиён 16:20
Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.
Ваҳй Юҳанно 20:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
8 Июн 2026
Genesis 39:3
7 Июн 2026
Luke 18:1
6 Июн 2026
Zephaniah 3:17
5 Июн 2026
Luke 17:10
4 Июн 2026
Haggai 2:9
3 Июн 2026
Matthew 25:13
2 Июн 2026
Exodus 12:11